Главная / Ҷамъият / Рад кардани тарҷумон

Рад кардани тарҷумон

Моддаи 44-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани тарҷумон 

  1. Тарҷумон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, ҳамчунин дар ҳолате, ки бесалоҳиятии ӯ ошкор мегардад, дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда наметавонад.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани ин асосҳо шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ӯ нисбат ба тарҷумон раддия арз карда метавонанд.
  3. Дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии тарҷумон шоҳиде, ки нишондодашро тарҷумон тарҷума кардааст, нисбат ба ӯ раддия арз карда метавонад.
  4. Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
  5. Масъалаи рад кардани тарҷумон ҳангоми пешбурди парванда мутаносибан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё прокурор, дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …