Главная / Ҷамъият / Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо

Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо

Моддаи 40-и Кодекси Меҳнат. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо

  1. Шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо метавонад ҳар вақт қатъ карда шавад.
  2. Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки хоҳиши қатъ кардани шартномаи меҳнатиро бо созиши тарафҳо изҳор намудааст, ба тарафи дигари шартномаи меҳнатӣ огоҳинома мефиристад. Тарафе, ки огоҳиномаро гирифтааст, уҳдадор аст дар муҳлати 3 рўзи корӣ дар хусуси қарори қабулнамудааш ба таври хаттӣ тарафи дигарро хабардор намояд.
  3. Рўзи қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо бо розигии корманд ва корфармо муайян карда мешавад.
  4. Бо мувофиқа бо корманд дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқи корфармо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бе риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкур бо пардохти ҷубронпулӣ ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнати солонаи корманд пешбинӣ шуда метавонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …