Главная / Ҷамъият / Заминҳои фонди давлатии об

Заминҳои фонди давлатии об

Моддаи 41-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Заминҳои фонди давлатии об

1.Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кўл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо,  чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин заминҳои барои минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.

2.Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди  давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие,  ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.

3.Истифодабарии  ғайримақсадноки заминҳои фонди давлатии об, ки ба ҳолати онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.

4.Тартиби додани заминҳои фонди давлатии об барои истифода дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …