Главная / Ҷамъият / Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Моддаи 4-и Кодекси Меҳнат. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат инҳоянд:

– озодии меҳнат;

– манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ;

– манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок;

– таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгўи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ;

– афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ;

– таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ барои меҳнат, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат;

– таъмини ҳуқуқ ба истироҳат;

– баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои кормандон;

– таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба муттаҳидшавӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ;

– кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон;

– шарикии иҷтимоӣ;

– танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

– таъмини ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …