Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судя, мақоми ваколатдори давлатиро дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судя, мақоми ваколатдори давлатиро дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

Моддаи 39-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судя, мақоми ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд 

  1. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи якум иштирок кардааст, ҳангоми баррасии ҳамон парванда ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ, ҳамчунин дар сурати бекор шудани  қарор (таъинот) дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандае, ки аз тарафи ӯ қабул карда шудааст, ҳамзамон ҳангоми аз нав баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи якум иштирок карда наметавонад.
  2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар суди марҳилаҳои якум ё назоратӣ, ҳамчунин ҳангоми аз нав баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки ӯ баровардашуда иштирок карда наметавонад.
  3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок карда наметавонад.
  4. Шахсони мансабдоре, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намудаанд пас аз бекор шудани қарори қабулкардаашон наметавонанд, дар баррасии ҳамин парванда иштирок намоянд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …