Главная / Ҷамъият / Тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

Тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

Моддаи 38-и Кодекси оила. Тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад

  1. Тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношӯӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз  ҷониби  қарздиҳанда  талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз  аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад.
  2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношӯӣ он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии  онҳоро ташкил медиҳад.
  3. Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулки    он ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
  4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро    талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
  5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулкие, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд.
  6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношӯӣ ҷамъ овардаанд, мӯҳлати сесолаи даъво истифода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …