Главная / Ҷамъият / Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

Моддаи 37-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

1.Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо обанборҳои бастаро (бемаҷроро), ки дар ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ҷойгиранд, дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфӣ нарасонидан ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

2.Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти вилоятии ҳокимияти иҷроия объектҳои обро, ки дар ҳудуди вилоят ҷойгиранд, ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об объектҳои об ё қисми онҳоро мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи ҷудогона медиҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …