Главная / Ҷамъият / Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Моддаи 37-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо уҳдадор аст бо розигии намояндагони кормандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, ба роҳ монад:

– маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд;

– маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ;

– тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми 4 моддаи 31 Кодекси мазкур;

– муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) тибқи моддаи 33 Кодекси мазкур;

– давра ба давра озод кардани кормандон;

– андешидани дигар чорабиниҳо, агар онҳоро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ карда бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …