Главная / Ҷамъият / Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

Моддаи 36-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

1.Объектҳои об ба истифодаи ҷудогона ба таври пурра ё қисман дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё м мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати ҳокимиятҳои иҷроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

2.Дар қарорҳо оиди ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об мақсадҳое, ки объектҳои об барои онҳо дода мешаванд ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои об зикр мегарданд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …