Главная / Ҷамъият / Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

Моддаи 359-и Кодекси Меҳнат. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

  1. Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– суғуртаи иҷтимоии давлатӣ;

– суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.

  1. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба тамоми шахсоне, ки бо шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, бе истисно дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
  2. Кормандон ҳиссаи худро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозанд.
  3. Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд, амалӣ мегарданд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …