Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 358-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Нозирони ҷамъиятӣ оид ба риояи ҳифзи меҳнат чунин ҳуқуқҳо доранд:

– ҳуқуқи кормандонро оид ба ҳифзи меҳнат дар назди корфармо ба воситаи назорати ҷамъиятӣ барои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои таъмини бехатарии меҳнат, шароити меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар ташкилотҳо ҳифз намоянд;

– иштирок намудан дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва санҷиши маҷмўии ҳолати бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати аз ҷониби нозирони давлатии меҳнат гузаронидашаванда;

– гирифтани иттилоот ва шарҳдиҳӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ аз корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои иҷрои уҳдадориҳои худ;

– аз ҷониби корфармо иҷро шудани уҳдадориҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо дар бахши ҳифзи меҳнат назорат намоянд;

– вобаста ба натиҷаи санҷиш ба номи шахсони мансабдор ирсол намудани пешниҳод дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта;

– иштирок намудан дар кори комиссия оид ба санҷиш ва қабули иншоотҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ барои истифодабарӣ;

– иштирок дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ва пешниҳоди таклифҳо;

– ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои вайрон намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, аз ҷумла пинҳон намудани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ муроҷиат намоянд;

– иштирок намудан дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ки вобаста ба тағйир додани шароити меҳнат, риоя накардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, иҷро накардани уҳдадориҳои дар шартномаҳои меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда;

– муроҷиат намудан бо даъво ба суд бо аризаи корманд барои ҳифзи ҳуқуқи кормандон барои ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарар ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадории меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кормандон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

Инчунин кобед

musafed

БОБОИ СУЛТОНАЛӢ

Дар доманакӯҳҳои Панҷрӯд ҳамвориҳое ҳастанд, ки он- ҳоро Хирманҷой меноманд. Яке аз хирманҷоҳои кӯҳи Соя …