Главная / Ҷамъият / Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат

Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат

Моддаи 357-и Кодекси Меҳнат. Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат

  1. Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.
  2. Нозирон ва шахсони ваколатдор оид ба ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд:

– аз ҷониби корфармоён риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳифзи меҳнат назорат кунанд;

– ташхиси мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;

– дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок кунанд, инчунин мустақилона онҳоро санҷиш намоянд;

– аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот гиранд;

– дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон талабот пешниҳод кунанд;

– ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат амрномаҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;

– санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд;

– дар кори комиссияҳо оид ба санҷиш ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ ба ҳайси коршиносони мустақил иштирок намоянд;

– дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат иштирок намоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа кунанд;

– ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки талаботи ҳифзи меҳнатро риоя накардаанд, ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рухдодаро пинҳон медоранд, муроҷиат намоянд;

– дар ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои пешбиникардаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷиҳати ҳифзи меҳнат, инчунин тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, иштирок кунанд;

– дорои дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

  1. Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …