Главная / Ҷамъият / Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат

Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 356-и Кодекси Меҳнат. Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат

  1. Дар ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё кормандон ё иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он дар асоси баробарӣ намояндагони корфармоён, иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон шомил мешаванд.
  2. Кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат фасли созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба ҳифзи меҳнатро таҳия мекунад, амалҳои муштараки корфармо ва кормандонро оид ба таъмини талаботи ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, инчунин гузаронидани тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойҳои корӣ ва иттилоотонидани кормандонро аз натиҷаҳои тафтишоти мазкур ташкил мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …