Главная / Ҷамъият / Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат

Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат

Моддаи 353-и Кодекси Меҳнат. Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат

  1. Маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад.
  2. Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад.
  3. Ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин мақсад ягон хароҷоти иловагиро анҷом намедиҳанд.
  4. Андозаи хароҷотҳо вобаста ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар шартномаи коллективӣ ва санади корфармо муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …