Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар

Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар

Моддаи 35-и Кодекси оила. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар

 Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

  1. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ чунин тасаввур мешавад, ки ӯ бо розигии ҳамсари худ амал мекунад.

Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар  танҳо ҳангоме, ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар  сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд  норозӣ будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист.

  1. Барои ба анҷом расонидани  муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи наториалии давлатӣ тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

Ҳамсаре, ки  ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд  надодааст, ҳуқуқ дорад  дар қисми молу мулки ба худаш таалуқ дошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурўши молу мулки ба даст овардааст, дар  давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот  ё мебоист  аз иҷрои чунинмуомилот ё пардохти пули онро талаб намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …