Главная / Ҷамъият / Тарҷумон

Тарҷумон

Моддаи 35-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тарҷумон 

  1. Ба сифати тарҷумон метавонад шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест, забонҳоро медонад ва ё дорои қобилияти дарки ишораҳои гунгу карҳо мебошад, ки барои пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур мебошад, ҷалб карда шавад.
  2. Тарҷумон аз тарафи судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, таъин карда мешавад.
  3. Тарҷумон ҳуқуқ дорад:

– бо протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад, ки бояд дар протокол дарҷ шавад;

– агар ӯ дониши барои тарҷума зарурӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад.

  1. Тарҷумон ӯҳдадор аст:

– бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳозир шавад;

– матни ба ӯ супоридашударо пурра ва дақиқ тарҷума намояд ва бо имзои худ дурустии тарҷумаро дар протоколи дахлдор тасдиқ намояд.

  1. Тарҷумон огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешибинишуда тарҷумон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …