Главная / Ҷамъият / Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат

Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат

Моддаи 349-и Кодекси Меҳнат. Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат

  1. Талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қоида, расмиёт ва талаботҳои ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равонашударо муқаррар мекунанд.
  2. Иҷрои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизот, таҳияи раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад.
  3. Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …