Моддаи 344-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат давлат кафолат медиҳад:
– манъ будани ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бад намудани ҳуқуқҳои муқарраргардида оид ба ҳифзи меҳнат;
– таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки ба беҳдошти шароити меҳнат ва боло бурдани сатҳи бехатарии истеҳсолот нигаронида шудаанд;
– ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
– муҳофизати судии ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён ва шахсони мансабдор;
– амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат;
– татбиқи ҷавобгарии моддӣ нисбат ба корфармоёне, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнатро вайрон намудаанд;
– эътироф ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон нисбат ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи меҳнати кормандон.