Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот

Баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот

Моддаи 342-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот

  1. Корфармо уҳдадор аст сабабҳои ҳодисаи нохушро дар истеҳсолот фавран санҷиш намояд, мувофиқи намунаи муқарраршуда санад тартиб диҳад ва ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдодаро сари вақт ба қайд гирад.
  2. Корфармо уҳдадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи санади ҳодисаи нохушро на дертар аз се рўзи баъд аз анҷоми санҷиш ба ў диҳад.
  3. Агар корфармо аз тартиб додани санади ҳодисаи нохуш саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар санади ҳодисаи нохуш нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки ба намояндагони кормандон ё ба суд муроҷиат намояд.
  4. Тартиби баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохушро дар истеҳсолот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …