Главная / Ҷамъият / Моликияти муштараки зану шавҳар

Моликияти муштараки зану шавҳар

Моддаи 34-и Кодекси оила. Моликияти муштараки  зану шавҳар

  1. Молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад.
  2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст  овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо  ҳисоб мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …