Главная / Ҷамъият / Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

Моддаи 338-и Кодекси Меҳнат. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

  1. Корфармо уҳдадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро муваққатан ё бе маҳдудияти муҳлат ба чунин кор гузаронида, аз рўи имконият ҷойҳои нави корӣ ташкил намояд.
  2. Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори дигар мегузаранд ё кумакпулии онҳо аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо уҳдадор аст барои ба кор таъмин намудани корманди муҳтоҷи такмили ихтисос азнавтайёркунии ўро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнати ў дар давраи мазкур, вале на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.
  4. Агар шароити истеҳсолот ба ташкили бо кор таъмин намудани корманди дар раванди кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби осеби ба саломатӣ бинобар иҷрои уҳдадории меҳнатӣ расида имкон надиҳад, шартномаи меҳнатӣ бо ў қатъ карда, барои аз кор рафтан кумакпулӣ пардохт карда мешавад.
  5. Андозаи кумакпулӣ барои аз кор рафтан бо ризогии тарафҳо муайян карда мешавад ва андозаи он набояд аз музди миёнаи меҳнати шашмоҳаи корманд камтар бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …