Главная / Ҷамъият / Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат

Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат

Моддаи 327-и Кодекси Меҳнат. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат

  1. Татбиқи принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талабот ба воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили меҳнат, ки ба ҳамаи кормандон шароити бехатар ва солими меҳнатро кафолат медиҳанд, ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат мебошад.
  2. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …