Главная / Ҷамъият / Муқаррароти интиқолӣ

Муқаррароти интиқолӣ

Моддаи 327-и Кодекси Андоз. Муқаррароти интиқолӣ

  1. Минбаъд, то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ дар қисме, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, татбиқ карда мешаванд.
  2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, татбиқ карда мешавад.Дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳукуқ ва ўҳдадориҳое татбиқ карда мешавад, ки онҳо пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, агар мўҳлатҳои муқарраршудаи даъво нагузашта бошанд.
  3. Андозсупорандагоне, ки ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои соли 2012 мутобиқ намебошанд, ўҳдадоранд:

-соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди ниҳоии даромад барои низоми патентӣ бештар мебошад, бояд то 1-уми апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуда, ба фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар шурўъ намоянд. Дар ҳолати идома додани фаъолияти соҳибкорӣ дар мўҳлати пешбинигардида аз чунин шахсон боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият ва оғоз намудани фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар ситонида намешаванд;

– соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди ниҳоии даромад барои андозбандии чунин соҳибкорон бештар мебошад, бояд то 1-уми апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуда, ба фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар шурўъ намоянд. Дар ҳолати идома додани фаъолияти соҳибкорӣ дар мўҳлати пешбинигардида аз чунин шахсон боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият ва оғоз намудани фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар ситонида намешаванд;

-супорандагони андоз тибқи низоми соддакардашуда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди дахлдори даромад бештар мебошад, бояд то 1-уми январи соли 2013 ба низоми умумии андозбандӣ гузаранд ва барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд;

-андозсупорандагони тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди дахлдори даромад кам буда, онҳо на кам аз 3 соли тақвимии пай дар пайи қаблӣ тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият доштанд, бояд то 1-уми январи соли 2013 ба яке аз низомҳои махсуси андозбандӣ гузаранд ва бақайдгирии худро барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор кунанд;

-андозсупорандагоне, ки бо бизнеси бозӣ машғуланд, ўҳдадоранд аз 1-уми январи соли 2013 ба низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнесибозӣ гузаранд. То қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба маблағи андоз аз бизнесибозӣ, маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои шахсони мазкур дар ҳаҷми миёнаи моҳонаи ҳамаи андозҳои аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 ҳисоб карда шуда, бо истифодаи коэффисенти баландкунандаи 1,5 муайян карда мешавад;

-то қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба андозҳои маҳаллӣ, ҳисоб ва пардохти андозҳои маҳаллӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …