Главная / Ҷамъият / Тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо

Тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо

Моддаи 326-и Кодекси Андоз. Тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо

  1. Ҳисобкунӣ, тартиб ва мўҳлати пардохти андозҳои барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқарраргардида, инчунин аз ҷониби онҳо пешниҳод намудани эъломияҳо ва ҳисоботи дигари андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
  2. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақоми андози маҳалли  баҳисобгирии худ оид ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва объектҳои андозбандӣ  бо шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот медиҳад.
  3. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳисоби алоҳидаи даромадҳо, хароҷот, молу мулк ва фаъолияти хоҷагидории худро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.
  4. Объектҳои андозбандии дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ қарордоштае, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мансуб нестанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
  5. Хусусиятҳои муносибати мутақобилаи мақомоти андоз бо маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд дар созишномаи байни онҳо басташуда муайян карда шаванд.
  6. Назорати пардохти андозҳо аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз ва гумрук амалӣ менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …