Главная / Ҷамъият / Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Моддаи 325-и Кодекси Андоз. Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

  1. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи фаъолияти дар минтақаи озоди иқтисодӣ амалишаванда ва молу мулки истифодашаванда аз пардохти ҳамаи намудҳои андози муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои андозҳои дар қисмҳои 2-3 ҳамин модда пешбинигардида озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Ташкилотҳо – субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ агентони андоз оид ба андоз аз даромад ва супорандагони андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони воқеие мебошанд, ки ба онҳо даромадҳо,  мукофотпулиҳо, пардохтҳо,  фоидава маблағҳои дигар   мувофиқи  тартиби  муқаррарнамудаи Кодекси мазкур  пардохт мешаванд (бояд пардохт шаванд).
  3. Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд- субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ:

– нисбат ба даромадҳои бевосита гирифтаи (гирифта мешудаи) онҳо – мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур супорандагони андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ мебошанд, ки ҳар семоҳа пардохт мешаванд;

– нисбат ба даромад, подош, пардохт, фоида ва дигар пардохтҳои ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшуда (пардохтшаванда) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур супорандагони (агентони андози) андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ мебошанд.

  1. Имтиёзҳои андоз барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ба он қисми фаъолияти онҳо, ки он дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба анҷом расонида мешавад, амал мекунанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …