Главная / Ҷамъият / Корпартоӣ

Корпартоӣ

Моддаи 323-и Кодекси Меҳнат. Корпартоӣ

  1. Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштӣ баррасӣ ва ҳал нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти баррасии баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳуқуқ доранд тадбирҳои дигари ниҳоии баррасӣ ва ҳалли баҳс – корпартоиро истифода баранд.
  2. Қарор дар бораи корпартоӣ дар маҷлиси (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ё намояндагони кормандон бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории қарор на кам аз се ду ҳиссаи аъзои коллективи дар маҷлис ҳузурдошта (намояндагони кормандон) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференсияи намояндагони коллективи меҳнатӣ, дар сурати салоҳиятнок будани маҷлис (намояндагони кормандон), қабул мегардад.
  3. Корпартоиро як шахс ё гурўҳи шахсоне, ки аз тарафи коллективи меҳнатӣ ё намояндагони кормандон ваколатдор шудааанд, роҳбарӣ мекунанд.
  4. Корфармо аз оғози корпартоӣ ва муҳлати имконпазири он камаш як моҳ пеш бояд хаттӣ огоҳ карда шавад.
  5. Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобилияти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд орад, ҳуқуқ ба корпартоӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
  6. Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …