Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила
Meg S
11.04.2018
Ҷамъият
480 Показы
Моддаи 32-и Кодекси оила. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила

- Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
- Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.
Кодекси оила 2018-04-11