Главная / Ҷамъият / Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

Моддаи 32-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

  1. Ҳангоми бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар ва бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
  2. Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.
  3. Ҳангоми рад намудани корманд аз давом додани кор вобаста ба тағйир ёфтани шароити меҳнат шартномаи меҳнатӣ бо корманд бо асосҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …