Главная / Ҷамъият / Хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсис

Хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсис

Моддаи 313-и Кодекси Андоз. Хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дўзандагӣ машғул мебошанд

  1. Воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худ аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дўзандагӣ) машғул мебошанд (минбаъд-корхонаҳои навтаъсис), аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.Дар ҳолати аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис таҳвил додани молҳои воридшуда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиётҳо бо боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
  2. Содироти молҳое, ки корхонаҳои навтаъсис истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
  3. Корхонаҳои навтаъсис аз андоз аз фоида, андози низоми соддакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод мешаванд.
  4. Дар сурати дар корхонаҳои навтаъсис ба миён омадани ўҳдадориҳои андоз аз рўи дигар андозҳо, чунин ўҳдадориҳои андоз бояд мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд.
  5. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида:

– номгўи корхонаҳои навтаъсис, инчунин имтиёзҳои андозии пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин моддаи ба мўҳлати то 12 сол аз 1-уми январи соли ба қайди давлатӣ гирифтани корхонаҳои навтаъсис додашаванда муайян карда мешаванд;

– нисбат ба ҳар як корхонаи навтаъсис мўҳлатҳои оғози сохтмон ва ба кор андохтани объектҳои ҳар силсилаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ муайян карда мешаванд.

  1. Мўҳлатҳои таъсис додани ҳар силсилаи минбаъдаи коркард бояд бо ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ асоснок карда шаванд. Доир ба оғози амалии корҳооид ба бунёди объектҳои ҳарсилсила ва ба кор андохтани ҳар силсилаи коркард корхонаи навтаъсис барои ташкил намудани баҳисобгирии махсус (алоҳида) бо мақсади гирифтани имтиёзҳои дар ҳамин модда муқарраршуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ маълумот медиҳад.
  2. Агар корхонаи навтаъсис дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 5 ва 6 ҳамин модда барои таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурўъ накунад, имтиёзҳои андозии пешбининамудаиҳамин модда амали худро қатъ менамоянд. Бо ин мақсад ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ ваколат дода мешавад, ки бо қабули санади дахлдор имтиёзҳои додашударо қатъ намоянд. Дар ин сурат маблағи имтиёзҳои андозииаз ҷониби корхонаҳои навтаъсис аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон то лаҳзаи қатъ гардидани ин имтиёзҳо гирифташуда бояд аз рўи меъёрҳое, ки дар давраи гирифтани имтиёзҳои андоз амал мекарданд, ҳисоб карда шуда, бо ҳисобу зам намудани фоизҳо ва ҷаримаҳо ба ҳисоби буҷет рўёнида мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Имтиёзҳои андозии дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида ба корхонаҳои навтаъсис баъд аз иҷрои талаботи қисми 5 моддаи мазкур ва гузоштани онҳо ба ҳисоби махсуси (алоҳидаи) иловагӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ин мақомоти давлатӣ дода мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  4. Барои корхонаҳои навтаъсис мўҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин мўҳлати даъво ба мўҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисми 5 ҳамин модда дароз карда мешавад.
  5. Мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисмҳои 1-9 ҳамин модда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои коркарди саноатии пўст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ба маҳсулоти ниҳоӣ ба мўҳлати то 5 сол имтиёзи андозӣ пешниҳод намояд.
  6. Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои навтаъсис, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисоботҳо, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …