Главная / Ҷамъият / Мазмуни шартномаи коллективӣ

Мазмуни шартномаи коллективӣ

Моддаи 309-и Кодекси Меҳнат. Мазмуни шартномаи коллективӣ

  1. Мазмуни шартномаи коллективӣ муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

– дар бораи ташкили меҳнат;

-дар бораи шаклҳо, низоми пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кумакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва пардохтҳои иловагӣ;

– дар бораи андозаҳои тарифии маош ва маошҳои вазифавӣ (мансабӣ) вобаста ба касб, дараҷаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити корӣ, ки онҳо иҷро менамоянд;

– дар бораи давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат;

– дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломатӣ, кафолатҳои суғуртаи тиббии аъзои коллективи меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, дигар намудҳои суғурта;

– дар бораи таъмини шуғл, омодасозии кадрҳо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

– дар бораи танзими тартиботи дохилии меҳнат;

– дар бораи тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои созиш оид ба баррасӣ ва  ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

– дар бораи тартиби огоҳонидани намояндагони кормандон ва гузаронидани машварат ҳангоми ба таври оммавӣ озод намудани кормандон бо сабаби такмил додани ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ва ё қисман аз кор бозмондани истеҳсолот.

  1. Дар шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии ташкилот метавонанд шартҳои дигар, аз ҷумла шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок дар муқоиса бо меъёрҳо ва муқаррароти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳо муқаррарнамуда (рухсатиҳои иловагӣ, иловапулиҳо ба нафақа, ҷуброни хароҷоти нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ, таъмини хўроки ройгон ё қисман пардохтшавандаи кормандон дар истеҳсолот ва фарзандони онҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагии дигар) ҷой дошта бошанд.
  2. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …