Главная / Ҷамъият / Мўҳлат, андоза ва тартиби пардохти андоз

Мўҳлат, андоза ва тартиби пардохти андоз

Моддаи 305-и Кодекси Андоз. Мўҳлат, андоза ва тартиби пардохти андоз

  1. Андози ягона барои соли ҷории андоз дар маҳалли ҷойгиршавии заминҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мўҳлатҳо ва бо андозаҳоизерин (бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол) пардохт карда мешавад:

-на дертар аз 10-уми март ба андозаи на камтар аз 15 фоизи маблағи солонаи андоз;

-на дертар аз 10-уми июн ба андозаи на камтар аз 30 фоизи маблағи солонаи андоз;

-на дертар аз 10-уми сентябр ба андозаи на камтар аз 50 фоизи маблағи солонаи андоз;

-на дертар аз 10-уми декабр ба андозаи на камтар аз 100 фоизи маблағи солонаи андоз.

  1. Маблағи пурраи андози ягона метавонад аз ҷониби андозсупоранда бо як пардохт пеш аз мўҳлат пардохт шавад.
  2. Андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андози ягонаро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, то мўҳлати якуми пардохти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда пардозад.
  3. Дастурамал дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози ягона, шакли эъломияҳои (ҳисобҳои) андози ягона аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  4. Назорати пардохти андози ягона аз ҷониби мақомоти андоз бо кўмаки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …