Главная / Ҷамъият / Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он

Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он

Моддаи 301-и Кодекси Меҳнат. Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он

  1. Намудҳои созишномаҳо инҳоянд:

– генералӣ;

– соҳавӣ;

– минтақавӣ.

  1. Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодӣ, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва уҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурўҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади кормандонро вобаста ба муътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.
  2. Созишномаи соҳавӣ равандҳои иҷтимоию иқтисодии инкишофи соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуғл, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳа ва масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамояд.
  3. Созишномаи минтақавӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ муайян намуда, ҳангоми бастани шартнома ба ҳисоб гирифта мешавад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
  4. Созишнома бо мувофиқаи тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар музокироти сетарафа иштирок мекунанд, дар сурати ба он талаб намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ намоянд.
  5. Созишномаҳо дар сатҳҳои зерин баста мешаванд:

– дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва намояндагони кормандони Тоҷикистон (созишномаи генералӣ);

– дар сатҳи соҳавӣ – байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон;

– дар сатҳи вилоятӣ – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои вилоятии намояндагони кормандон;

– дар сатҳи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён (соҳибмулкон), намояндагони кормандон.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …