Главная / Ҷамъият / Эътиборнок донистани ақди никоҳ (санатсияи ақди никоҳ)

Эътиборнок донистани ақди никоҳ (санатсияи ақди никоҳ)

Моддаи 30-и Кодекси оила.  Эътиборнок донистани  ақди никоҳ  (санатсияи ақди никоҳ)

 Суд метавонад ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани  ақди никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.

  1. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб  намояд.
  2. Суд метавонад ақди никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношӯӣ ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте, ки ҳақиқӣ донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
  3. Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар  дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар ақди никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …