Главная / Ҷамъият / Амали Кодекси мазкур дар макон

Амали Кодекси мазкур дар макон

Моддаи 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Амали Кодекси мазкур дар макон 

  1. Дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи Кодекси мазкур сурат мегирад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Муқаррароти Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳое татбиқ мегарданд, ки дар ҳавопаймо,  киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ таҳти  парчам  ё нишонаи фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.
  3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии  давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ шуда бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …