Моддаи 297-и Кодекси Меҳнат. Мақсади шарикии иҷтимоӣ
Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:
– татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, бо фарогирии масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;
– зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;
– таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;
– гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли ихтилофотҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;
– таҳким ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи бозори меҳнат.