Главная / Ҷамъият / Уҳдадориҳои корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон

Уҳдадориҳои корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон

Моддаи 293-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадориҳои корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон

Корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон уҳдадоранд:

– ба фаъолияти намояндагони кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;

– қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо намояндагони онҳо машварат кунанд;

– пешниҳоди намояндагони кормандонро сари вақт баррасӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи худ иттилои асоснок диҳанд;

– ба намояндагони кормандон барои бемамоният рафтан ба ҷойи кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, иҷозат диҳанд;

– ба намояндагони кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ройгон маълумоти зарурӣ диҳанд;

– барои иҷрои уҳдадориҳояшон ба намояндагони кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;

– барои фаъолияти намояндагони кормандон бино, воситаҳои нақлиёт, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;

– дар муносибат бо намояндагони кормандон дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …