Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо

Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо

Моддаи 285-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо

  1. Андозсупорандагон шахсони воқеӣ-резидентон ва ғайрирезидентон эътироф карда мешаванд, ки ба шартҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 284 Кодекси мазкур ҷавобгў мебошанд.
  2. Андозсупорандагони низоми патентиро истифодабаранда ўҳдадоранд дар мақоми андози маҳалли амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ баҳисоб гузошта шаванд.Дар ҳолати иваз намудани маҳалли фаъолият бо тартиби муқарраргардида парвандаи шахсии андозсупоранда ва бақияи варақаи ҳисоббаробаркунии он ба мақоми андози дахлдор дода мешавад.
  3. Гузариш аз низоми патентӣ ба низоми дигари андозбандӣ, инчунин гузариши баръакс мувофиқи тартиби муқарраргардида баъд аз иҷро намудани расмиёти бақайдгирии давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  4. Ӯҳдадории андози шахси воқеии тибқи патент фаъолияткунанда аз санаи якуми моҳе, ки баъд аз моҳи қатъ намудани бақайдгирии давлатии чунин соҳибкори инфиродӣ фаро мерасад, хотима меёбад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …