Главная / Ҷамъият / Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

Моддаи 28-и Кодекси Меҳнат. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

  1. Шартномаи меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созиши тарафҳо муқаррар гардида, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.
  2. Дар давраи санҷиш ба корманд меъёрҳои Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ татбиқ мегарданд.
  3. Ҳангоми ба кор қабул намудан санҷиш ба шахсони зерин муқаррар карда намешавад:

– шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;

– мутахассисони ҷавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисос маротибаи аввал тибқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд;

– шахсоне, ки тибқи озмун барои ишғоли вазифаҳои (мансаби) дахлдор ба кор қабул карда мешаванд;

– ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;

– ба маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд.

  1. Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набуд, ба ҳисоби муҳлати санҷиш дохил намегардад.
  2. Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин қайд, корманд бе санҷиши пешакӣ ба кор қабулшуда ҳисоб меёбад.
  3. Агар то ба охир расидани муҳлати санҷиш корфармо кормандро ба вазифаи (мансаби) баланд таъйин намояд, корманд аз санҷиш гузашташуда ҳисоб меёбад.
  4. Агар баъд аз гузаштани муҳлати санҷиш тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи меҳнатӣ изҳор накунанд, амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.
  5. Ҳангоми манфӣ будани натиҷаи кори корманд дар давраи санҷиш корфармо ҳуқуқ дорад на барвақттар аз ҳафт рўзи ба охир расидани давраи санҷиш бо нишон додани сабабҳое, ки барои аз санҷиш нагузаштани корманд асос шудаанд, ўро хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бо корманд қатъ намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …