Намояндагони қонунӣ
16.04.2018
64 Показы
Моддаи 27-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Намояндагони қонунӣ

- Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси воқеӣ, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё намояндаи қонунии шахси воқеии ҷабрдида, ки ноболиғ мебошад ё бинобар вазъи ҷисмонӣ ё рӯҳӣ имконияти мустақилона амалӣ намудани ҳуқуқҳои худро надорад, аз тарафи намояндагони қонунии ӯ анҷом дода мешавад.
- Муносибати хешовандӣ ё ваколати дахлдори шахсоне, ки намояндагони қонунии шахси воқеӣ мебошанд, бо ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
- Намояндагони қонунии шахси воқеӣ ва ҷабрдида дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинишудаи шахсоне мебошанд, ки ба сифати намояндаи онҳо амал мекунанд.
- Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз ҷониби ноболиғ содир шудааст, иштироки намояндаи қонунии ӯ ҳатмист. Дар сурати саркашӣ кардани намояндаи қонунии ноболиғ аз ҳозиршавӣ мумкин аст ӯ мутобиқи Кодекси мазкур маҷбуран оварда шавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …