Главная / Ҷамъият / Шароити меҳнати кормандони маъюб

Шароити меҳнати кормандони маъюб

Моддаи 259-и Кодекси Меҳнат. Шароити меҳнати кормандони маъюб

  1. Шароити меъёрбандӣ, пардохт ва ҳифзи меҳнат, реҷаи корӣ, тартиби якҷоя кардани касбҳо (мансабҳо), шароитҳои техникӣ, санитарӣ, гигиенӣ, истеҳсолӣ-маишӣ, инчунин дигар шароитҳо бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд ҳолати кормандони маъюбро бад намоянд ё ҳуқуқи онҳоро дар муқоиса бо дигар кормандон маҳдуд кунанд.
  2. Истифодаи меҳнати маъюбон дар корҳои вазнин, кор бо шароитҳои зарарнок ва хавфноки меҳнат манъ карда мешавад.
  3. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд метавонад кафолатҳои иловагӣ, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо муқаррар намудаанд, дода шаванд.
  4. Хулосаи тиббӣ дар бораи реҷаи нопурраи вақти корӣ, кам кардани ҳаҷми кор ва дигар шароити меҳнати маъюбон барои иҷрои корфармо ҳатмӣ мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …