Моддаи 258-и Кодекси Меҳнат. Амалӣ намудани ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат
- Маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд, ҳуқуқи бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро бо шартҳои оддии меҳнат ё дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мекунанд, доранд.
- Даст кашидан аз бастани шартномаи меҳнатӣ, гузаронидани маъюб ба кори дигар, тағйир додани шароити меҳнат бо сабаби маъюб будан роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи хулосаи тиббӣ ҳолати саломатии ў барои иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ монеагӣ мекунад ё ки ба саломатии ў ва ё бехатарии меҳнати дигар шахсон таҳдид мекунад.