Главная / Ҷамъият / Шартҳои меҳнати кормандони хонакор

Шартҳои меҳнати кормандони хонакор

Моддаи 253-и Кодекси Меҳнат. Шартҳои меҳнати кормандони хонакор

  1. Корҳои хонакор танҳо дар ҳолатҳое иҷро карда мешаванд, ки агар вазъи саломатии кормандро халалдор насозанд ва барои иҷрои онҳо талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат таъмин карда шаванд.
  2. Дар шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона тартиби ҳатмии шартҳои зерин бояд муқаррар карда шаванд:

– иҷрои кор бо истифода аз масолеҳ, таҷҳизот, асбобҳо ва олотҳои шахсии корманд ва ё бо олотҳои ҷудокардашуда аз ҷониби корфармо ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидоришуда;

– тартиб ва муҳлатҳои таъмини корманд барои иҷрои кор бо ашёи хом, мавод ва масолеҳи нимтайёр;

– тартиб ва муҳлати баровардани маҳсулоти тайёршуда;

– ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳо ба корманд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …