Главная / Ҷамъият / Хусусиятҳои кори вахтавӣ

Хусусиятҳои кори вахтавӣ

Моддаи 243-и Кодекси Меҳнат. Хусусиятҳои кори вахтавӣ

  1. Коре, ки бо усули вахтавӣ анҷом дода мешавад, шакли махсуси пеш бурдани раванди меҳнат буда, берун аз ҷойи истиқомати доимии кормандон иҷро карда мешавад ва онҳо баъд аз кор барои баргаштан ба ҷойи доимии истиқоматашон имконият надоранд.
  2. Корфармо уҳдадор аст, кормандонеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунанд, ҳангоми дар маҳалли кор қарор доштанашон бо ҷойи хоб, хўрок, бурдан ба ҷойи кор ва овардан ба маҳалли истиқомат, инчунин шароити мувофиқи кор ва истироҳат таъмин намояд.
  3. Корфармо тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои будубоши кормандон дар маҳалли истеҳсолот (кор) шароит муҳайё менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …