Главная / Ҷамъият / Тартиб ва мӯҳлати иҷрои қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ
Тартиб ва мӯҳлати иҷрои қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ
20.04.2018
101 Показы
Моддаи 243-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиб ва мӯҳлати иҷрои қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ

- Қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҷуброни зарари моддӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
- Қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҷуброни зарари моддӣ ҳуҷҷати иҷроия ба ҳисоб меравад.
- Зарари моддӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст бояд дар давоми се моҳи баъди ба ӯ супорида шудани қарор, вале дар сурати шикоят кардан ё эътироз овардан дар мӯҳлати на дертар аз сӣ шабонарӯзи баъди хабардор кардан аз хусуси қонеъ нагардонидани шикоят ё эътироз ҷуброн карда шавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-20
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …