Главная / Ҷамъият / Хусусияти бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ

Хусусияти бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ

Моддаи 242-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ

  1. Корманди мавсимӣ ҳуқуқ дорад, бо ташаббуси худаш ба таври хаттӣ то 7 рўзи тақвимӣ корфарморо огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бекор кунад.
  2. Корфармо уҳдадор аст, ба таври хаттӣ корманди мавсимиро оид ба бекор кардани шартномаи меҳнатӣ дар асоси муқаррароти сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 45 Кодекси мазкур то 7 рўзи тақвимӣ огоҳ намояд.
  3. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ, аз ҷониби корфармо рухсатии истифоданашуда барои корҳои мутаносибан иҷрошуда ҷуброн карда мешавад.
  4. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ бо сабаби барҳамхўрии ташкилот, ихтисори шумора ва ё воҳиди кории кормандон кумакпулии азкорравӣ дар ҳаҷми музди миёнаи меҳнати якмоҳа пардохт карда мешавад.

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …