Главная / Ҷамъият / Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳал менамояд

Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳал менамояд

Моддаи 24-и Кодекси оила. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар  бораи бекор  кардани ақди никоҳ ҳал  менамояд

  1. Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд.
  2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрьёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:

– муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз  падару модар  зиндагӣ мекунанд;

– муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;

– бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд;

– бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.

  1. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)
  2. Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулки ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкиро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …