Моддаи 24-и Кодекси Меҳнат. Мазмуни шартномаи меҳнатӣ
- Мазмуни шартномаи меҳнатиро созиши тарафҳо, муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, муайян мекунанд.
- Дар матни шартномаи меҳнатӣ бояд нишон дода шаванд:
– ном ва суроғаи корфармо, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;
– насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда;
– насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда, агар корфармо шахси воқеӣ бошад;
– ҷойи кор (ташкилот ва ё воҳиди муайян);
– вазифаи (мансаби) ишғолнамудаи корманд;
– хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;
– санаи оғози кор;
– муҳлати шартномаи меҳнатӣ;
– низом ва реҷаи вақти корӣ;
– вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд;
– андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат;
– ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо;
– ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд;
– тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;
– кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо;
– шартҳои суғуртакунонӣ;
– ҷавобгарии тарафҳо;
– санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ.
- Бо розигии тарафҳо дар шартномаи меҳнатӣ метавонанд дигар шартҳое, ки ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.
- Шартҳои шартномаи меҳнатӣ танҳо бо розигии тарафҳо дар шакли хаттӣ тағйир дода мешаванд.
- Ҳангоми иваз шудани ном, суроға ва ҷойи истиқомат, тарафҳо метавонанд ба шартномаи меҳнатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд, ки онҳо асос барои тағйир ёфтани дигар шартҳои шартнома намегарданд.
- Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатии муҳлатнок, дар он муҳлати амал ва ҳолатҳое (сабабҳое) нишон дода мешаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос шудаанд.
- Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ паст кардани сатҳи ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, манъ аст.