Главная / Ҷамъият / Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

Моддаи 24-и  Қарори шаҳрсозӣ. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо

  1. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ метавонанд шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бошанд, ки фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
    2. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:
    – таркиб ва ҳаҷми ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии таҳияшавандаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян созанд;
    – дар озмунҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ иштирок намоянд;
    – назорати муаллифиро ҳангоми татбиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд;
    – дар бораи боздоштан ё манъ кардани корҳои сохтмонӣ, васлгарӣ ва корҳои махсус, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар мерасонанд ва барои аз байн бурдани объектҳои мероси фарҳангӣ таҳдид менамоянд, ҳангоми риоя накардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида ва талаботи меъёрӣ, инчунин ба манфиати ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар мерасонанд, пешниҳод манзур намоянд;
    – ҳангоми зарурат ба ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардида тағйиру иловаҳо ворид намоянд;
    – мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амалҳоро иҷро кунанд.
    3. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд:
    – таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
    – бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии барои фармоишгарон таҳиянамударо бо онҳо ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа намоянд.
    4. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ метавонанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигар низ бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …