Моддаи 230-и Кодекси Меҳнат. Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан
- Корманд ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Дар шартномаи меҳнатӣ бояд дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.