Главная / Ҷамъият / Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар

Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар

Моддаи 23-и Кодекси оила. Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

  1. Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
  2. Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …